Иқдомҳои Ҳукумат ҷиҳати дастгирии мақомоти корҳои дохилӣ

Ноябрь 10, 2014 12:12

 
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.Ин нуктаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, иброз дошт.  
Сарвари Давлат афзуд, ки дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла маҷмааи варзишии «Динамо», госпитали замонавӣ, маркази назоратии “Шаҳри бехатар”, бинои 5-ошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншооти хизматрасонӣ дар қисми низомии 3502, инчунин якчанд иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба истифода дода шуда, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа бунёди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз карда шуд.
«Субҳи имрӯз боз як бинои истиқоматии навбунёд барои 50 оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 13 иншооти маъмуриву хизматии дигар идома дорад», — иттилоъ дод Э. Раҳмон.
Қобили зикр аст, ки имсол бо қарори Ҳукумати кишвар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ» таъсис дода шуда, дар он ба таълим ва тарбияи ятимону бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ диққати махсус дода мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат баробари таъмини шароити мусоиди хизмат ба хизматчиёну сарбозон дар самти беҳтар намудани кафолатҳои иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад, соли ҷорӣ қариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.
Илова бар ин, тӯли 10 соли охир маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 20 баробар зиёд карда шуда, ҳамчунин дар доираи амалисозии барномаи рушди милитсия дар солҳои 2014-2020 ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳа давра ба давра чораҷӯӣ карда мешавад.

 

Ноябрь 10, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд