Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Беҳамто дар ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2014 11:45

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст.Чунонки аён гардид, ин корхона аз 7 мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар 7 мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешавад. Ба ин тартиб давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти парҳезии паранда аст.Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти парандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро дар назар доранд.Ҳоло дар яке аз мурғхонаҳои ин корхона наздики 25 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.Минбаъд чӯҷаҳои гӯштӣ барои ин корхона дар инкубатори худи онҳо бароварда мешаванд. Инкубатори корхона аз 3 камера иборат буда, дар як вақт дар онҳо 350 дона тухм хобонда мешавад ва пас аз 21 рӯз аз онҳо чӯҷаҳо мебароянд. Иқтидори инкубатори ин корхона барои таъмини ҳамаи корхонаҳои имрӯзаи парвариши мурғи гӯштӣ дар ҷумҳурӣ басандагӣ мекунад. Ин иқтидор ҳамчунин барои минбаъд афзун намудани шумораи мурғхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар худи ҳамин корхона пешбинӣ шудааст.Сохтмони кушторгоҳи корхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дорои иқтидори забҳи 6 ҳазор мурғ дар як шабонарӯз хоҳад буд. Дар паҳлӯи кушторгоҳ ҳамчунин яхдони махсус бунёд меёбад, ки барои дар ҳавои аз 18 то 40 дараҷаи таҳти сифр нигоҳ доштани то 250 тонна гӯшти паранда пешбинӣ шудааст.Дар ин корхона ҳоло 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин мешаванд. Оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори ин соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки онҳо дар ояндаи наздик натанҳо бозори Тоҷикистонро ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд. Беҳамто номгузорӣ шудани корхона ҳам бесабаб нест, зеро ин нахустин чунин корхонаи инноватсионии парандапарварӣ дар Тоҷикистон буда, бо навтарин технологияи аврупоӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Ноябрь 12, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад