Маҳфили эҷодии Давлат Сафар
Душанбе, 1.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии адиби шинохтаи тоҷик Давлат Сафар баргузор мегардад.
Дар маҳфил адибону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат варзида, доир ба ашъори шоири ширинкалом Давлат Сафар сухан мегӯянд.
Маҳфили мазкур ба 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Гуфта мешавад, ки шеъри Давлат Сафар бо равонию тозагии маънӣ аз дигар адибон бартарӣ дорад ва ҳаёти имрӯзаро инъикос мекунад.
Бояд гуфт, ки «Девони ашъор»- и Давлат Сафар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хати форсӣ рӯи чоп омадааст.
Ёдрас мешавем, ки Давлат Сафар 8-уми марти соли 1971 дар оилаи бинокор ба дунё омадааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултаи химия-биологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қ. Ҷӯраев идома медиҳад. Соли 1992 дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон фаъолиятро оғоз карда, сипас ба ҳайси муҳаррир , сармуҳаррири идораи «Омӯзиши афкори умум», «Сиёсӣ» ва «Ахбор» кор кардааст. Солҳои 2007-2011 ба ҳайси муовини аввали директори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон , аз соли 2011 то 2013 дар вазифаи директори генералии КВДКВ «Тоҷиккино» кор карда, дар айни ҳол сардори шуъбаи табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг мебошад.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Пайғоми ашк» (1998), «Шеъри гаҳвора»(с. 2010), «Шаҳбол» (с.2010) буда, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, ҳамчунин дорандаи медали «Хизмати шоиста», нишонҳои Аълочии телевизион, матбуот ва фарҳанг мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






