Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Ҷобир Муборак ал-Аҳмад
Душанбе, 24.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари расмии худ ба Кувайт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сарвазири Давлати Кувайт Шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ 23 ноябр мулоқот барпо намуд.
Зимни вохӯрӣ перомуни масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон зикр карданд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқие, ки то имрӯз ташаккул ёфтааст ва муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро танзим мегардонад, барои татбиқи стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника имконияти хуб ва мусоидро фароҳам меорад.
Сироҷидин Аслов изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар баробари таҳкими равобити сиёсӣ, ҳамчунин ба қисмати иқтисодии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар ин росто, бино бар суханҳои С. Аслов, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бунёди минтақаҳои саёҳатию табобатиро номбар кардан мумкин аст. Самти дигаре, ки С. Аслов ба он диққати ҷониби кувайтиро ҷалб кард, ин татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ мебошад, ки дорои аҳамияти минтақавӣ ва аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сарвазири Давлати Кувайт паёми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро бо даъвати сафар ба кишвари мо тақдим кард. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






