Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Сартоҷ Азиз
Душанбе, 21.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 20 ноябри ҷорӣ дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳо байни кишварҳоро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти суҳбат Сироҷидин Аслов қайд кард, ки барои кишвари мо сафари гузаштаи расмии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада зимни музокирот дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ мегарданд.
Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷониби покистонӣ ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомадаи тарафайн дар самтҳои энергетикаву рушди коммуникатсия тазаккур намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






