Сарқонун — арзиши олии миллат

Ноябрь 3, 2014 13:34

«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». 
Эмомалӣ Раҳмон 
 
Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Акрамхоҷаи Акбар). — Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабули Сарқонун (Конститутсия) — и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 
ки ҳанӯз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули он давраи нав ба амал омад, ки дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 ин Сарқонун ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Сарқонун муқаррар гардид.
Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи Сарқонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. 
Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ба шумор рафта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Он қонуни асосии давлат ҳисоб гардида, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад. Риояи талаботи он барои шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ ва баробар мебошад.
Бо шарофати қабули Сарқонун дар арсаи ҷаҳонӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар гардонд.
 
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Сарқонун ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонист.
Сарқонун барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Сарқонуни беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Бинобар ин, вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром ва пос дорад.
 
 

Ноябрь 3, 2014 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад