Ташрифи ҳайати ХБА ба «Амонатбонк»

Ноябрь 12, 2014 12:00

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов рӯзи 11 ноябр бо намояндагони ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), ки бо сарварии Ҷонатан Данн ба «Амонатбонк» ташриф овард, вохӯрд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи иқтисодии кишвар дар бозори байнибонкӣ, низоми бонкии Тоҷикистон ва стратегияи «Амонатбонк» дар шароити кунунии бозори байнибонкӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Диққати асосӣ аз тарафи меҳмонон ба зиёд шудани хавфҳои бонкӣ, бахусус дар самти бозори асъор дар ҳолати баланду пастшавии қурби он вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин самт Сироҷиддин Икромов далелҳои муайянеро вобаста ба пешгирӣ намудани ҳама гуна хавфҳо дар бонк пешниҳод намуд. Ҳамчунин Сироҷиддин Икромов зикр намуд, ки паҳлуи манфиатбахши дигари соҳа дар он равона шудааст, ки имрӯз мавқеи пули миллӣ дар бонк устувор буда, яке аз самтҳои фаъол ва рушдкунандаи бонк маҳз бо пули миллӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии бонк дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ХБА баррасӣ гардид. Лозим ба зикр аст, ки дар айни замон БДА ҶТ «Амонатбонк» барои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба бо институтҳои молиявии ҷаҳон барои рушди соҳа ҳамкориро вусъат дода, дар ин самт равобитро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва Рушди Аврупо қавӣ намуда, дар ин самт ҳамчун узви Институти бонкҳои амонатгузор ва бонки узви ИБСҲШ мавқеи худро устувор мекунад.

Ноябрь 12, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе