Ваколати Зайд Саидовро пеш аз муҳлат қатъ гардониданд
Душанбе, 24.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси вакилонии халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид, ваколати ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.
Инҳо Зайд Саидов — собиқ вазири саноати кишвар ва Саидбек Шарифов -собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мебошанд, ки онҳо дар соли 2010 аз ҳавзаҳои интихоботи №№ 2 ва 29 -и пойтахт вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида буданд.
Бояд тазаккур дод, ки собиқ вакили шаҳрӣ -Зайд Саидов бо сабаби боз гардидани парвандаи ҷиноӣ ва ба муҳлати дароз дар маҳбас қарор доштанаш аз ваколати депутатӣ маҳрум гардид.
Ваколати вакили дигари шаҳрӣ Саидбек Шарифов-собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо сабаби марг пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






