Маркази варзишии БМТ ифтитоҳ шуд

Декабрь 25, 2014 10:02

Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — 24 декабри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон Маркази варзиширо, ки пас аз тармими асосӣ ҳусни тоза ба худ гирифтааст, ба таври расмӣ ифтитоҳ намуд. Ба  иттилои хадамоти матбуоти БМТ дар чорабинӣ Раёсати БМТ, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияи Сино, кормандони масъули БМТ иштирок варзиданд. 
    Бояд гуфт, ки Маркази варзишии БМТ дорои толорҳои барҳаво ва замонавии тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили вазнбардорӣ, гимнастика, волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз, ки бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд, мебошад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик толорҳои нави машқ, аз ҷумла футбол ва дигар намудҳои варзиш омода ва пешкаши ҳаводорони ҳаёти солим гардонида мешаванд. 
Маркази мазкур ҳамчунин имконият дорад, ки бо машқҳои варзишӣ ва беҳдошти саломатӣ сокинони пойтахтро низ фаро гирад. 
 
 
 

Декабрь 25, 2014 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!