Мулоқоти С.Аслов бо ҳайати Идораи Комиссари Олии СММ
Душанбе, 3.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 2 декабри 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иборат аз Сардори шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии он идора дар шаҳри Женева хонум Хулан Тседев, муовини намояндаи минтақавии Идора барои Осиёи Марказӣ хонум Элизабет да Кошта, мушовири Идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ хонум Наталя Сейтмуратова, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва намояндагони Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқоти масъалаҳои механизми назоратӣ оид ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ҳошияи низоми махсуси СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин ҷонибҳо дар мавзӯи таҷрибаи мусбати ҳамкории кишвар бо Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор карданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






