Вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ванҷ

Декабрь 19, 2014 10:37

Душанбе, 19.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар  ҳудуди ноҳияи Ванҷ 30 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сохтмони кӯпруки мавзеи Сурхсангови деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Водхуд дар асоси созишнома кор мекунад.
Аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳия, пайваста санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони чинӣ, аз қабили раводид, рухсатнома ва иҷозати корӣ, инчунин бақайдгирии онҳо сари вақт анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин дар давоми моҳи декабри соли равон ҳуҷҷатҳои 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова мавриди санҷиш қарор дода шуда, маълум гардид, ки барои гирифтани иҷозати корӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ пешниҳод кардаанд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ минбаъд низ чунин тадбирҳоро ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин ноҳия меандешанд.

Декабрь 19, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад