1 млрд. 749 млн. сомонӣ- ҳаҷми хизмати алоқа ба аҳолӣ
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он саъю кӯшиши худро барои иҷрои уҳдадориҳо оид ба пешниҳод намудани хизматрасониҳои алоқа равона карданд,- гуфт Татяна Насимова, ҷонишини директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки даромади умумии корхонаҳои Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва правайдерон мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ дар соли 2014 ба маблағи 2 миллиарду 674 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2013, 1,3 фоиз зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 миллиарду 749 млн. сомониро дар бар мегирад. Хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи оператори миллии алоқаи барқӣ ба маблағи 880 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Шумораи кормандони корхонаҳои зерсохтори хадамот 3606 нафар буда, музди меҳнати миёнаи онҳо бо имтиёзҳо 870 сомониро ташкил менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






