Қатл бо ноқили барқӣ
Душанбе, 09 01 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор сокини 44-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Бадриддин Шаропов дасгир гардид.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дирӯз тахминан соати 19.30 дақиқа, номбуда дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби хусумати шахсӣ бо истифода аз ноқили барқӣ гулӯи шаҳрванд Хизвалоҷон Басирҷонзода, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати мазкурро буғӣ намуда, ба ҳалокат мерасонад. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Дар айни замон нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (куштор) КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






