Ҳамкории ДМИТ бо 18 муассисаи таҳсилоти олӣ

Январь 23, 2015 08:50

Душанбе, 23.01.2014. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-22 январ оид ба фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар соли 2014 нишасти матбуотӣ   доир гардид. Дар нишаст ректори донишкада Ашурбой Солиев вобаста ба самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, иқтисодию хоҷагидорӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДМИТ  маълумот дода, аз  ҷумла зикр намуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бобати рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 18 муассисаи таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид.
Ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбии  хориҷиву ватанӣ асосан дар самти табдули таҷриба, пешбурди якҷояи  корҳои илмию методӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогие, ки дорои дараҷаи илмиянд, мубодилаи донишҷӯён, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар ва иштирок дар лоиҳаҳои грантӣ ба роҳ монда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар охири соли 2014 миқдори муассисаҳое, ки донишкада бо онҳо созишномаи ҳамкорӣ бастааст, нисбат ба соли 2012 ду маротиба зиёд гардидааст. 
Инчунин дар соли хониши 2014-2015  ба донишкада намояндагони зиёда аз  7 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар омаданд ва хоҳиши ҳамкорӣ намуданро иброз доштанд.
Сарвари  донишкада  иброз  дошт, ки дар  оянда донишкада давом додани ҳамкориро бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо дигар минтақаҳои ҷаҳон- Ҷопон, Аврупо, ИМА дар нақша дорад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки ҳоло беш аз 12 нафар донишҷӯи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия, Чин ва Кипри шимолӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил доранд.

Январь 23, 2015 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!