Манъи вуруди муҳоҷирон ба ФР ба муҳлати 10 сол
Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қонуни манъи воридшавии муҳоҷиронеро, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба таври ғайриқонунӣ зиёда аз як сол қарор доштаанд, ба имзо расонид. Тибқи ин қонун воридшавии онҳо ба муҳлати 10 сол манъ шуда, ин хабар дар веб-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Акнун барои онҳое, ки беш аз 270 рӯз дар қаламрави ФР ғайриқонунӣ будубош намудаанд, воридшавӣ ба Русия ба муҳлати 10 сол манъ мешавад.
Қонуни мазкур аз 12-уми январи 2015 эътибор пайдо мекунад.
Лозим ба зикр аст, ки қаблан роҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский иброз дошта буд, ки воридшавии хориҷиёнро ба Русия метавонанд ба муҳлати 10 сол манъ намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






