Сифати баъзе доруворӣ ба талабот ҷавобгӯй нест

Январь 7, 2015 11:38

Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар соли 2014  ба ҷумҳурӣ ба маблағи 94 млн. 149 ҳазору 398  доллари амрикоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид шудааст, аз ҷумла ба 50 321 899 доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона, 40 727 118 доллари амрикоӣ барои тиҷорат, 3 100 381 доллари амрикоӣ бо мақсади истифода равона шудааст. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Содироти маводи доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба  2 млн. 700 898  доллари амрикоӣ  баробар  мебошад.
Сифати 40951 адад маводи доруворӣ  санҷида шуд, ки аз онҳо 199  адад ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуд.
Дар ин муддат фаъолияти 1156 муассисаи фармасевтӣ, 160 муассисаи тиббӣ  ва  1016 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷида шуд. “Ҳангоми санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1233 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 219 545 адад аз муомилот гирифта шуд, ки аз ин 2 номгӯй маводи дорувории қалбакӣ ба миқдори 17 адад, 538 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори 5498 адад, 699 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқат ба миқдори 131 305 адад,  24 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии ба таври қоҷоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда  ба миқдори 82 725 ададро ташкил мекунад”,-илова намуд вазир.
 
 

Январь 7, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад