715 нафар мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар соли сипаригардида зиёда аз 27 ҳазору 134 нафар шаҳрванд ба мақомоти прокуратура муроҷиат намуд, ки арзи 12 ҳазору 448 нафар бевосита аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура баррасӣ гардида, 2 ҳазору 136 муроҷиат ва ё 17,1 фоиз оид ба қонунвайронкуниҳои ҷойдошта асоснок эътироф гардида, қонеъ гардонида шуд»,- изҳор дошт Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмонов 30 январи соли 2015 зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Юсуф Раҳмонов ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин давра 715 нафар шахси мансабдори давлатию ҷамъиятӣ, ки баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардаанд, ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба шахсони гунаҳкор 40 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






