Дар Суғд теъдоди нашъамандон коҳиш меёбад
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд М.Ҳотамӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2014 кормандони Раёсат 44 ҷинояткории марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба қайд гирифтанд.
Соли гузашта 60 нафар шаҳрвандон барои нашъаҷаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд, ки 8 нафари онҳо аз ин пеш барои чунин кирдорашон муҷозот шуда буданд.
Соли 2014 — ум 159 килограмму 471 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 11 килограмму 615 грамм героин, 23 килограмму 400 грамм тарёк ва 124 килограмму 456 грамм бангдона аз гардиши ғайриқонунӣ бароварда шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2014 теъдоди нашъамандон нисбат ба соли 2013 аз 1075 ба 1060 расида, баробари 1,3 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии теъдоди нашъамандон хусусан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Конибодом, Панҷакент ва Ҷаббор Расулов ба назар мерасад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






