Доварони бозии плей-оффи «Салам Ҷхарта» ва «Хайр» маълум шуданд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ҳайати доварони хизматрасони бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2015 байни «Салам Ҷҳарта» (Лубнон) ва «Хайр» (Тоҷикистон) маълум шуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, сардовари бозӣ Нагор Амир Нур Муҳаммади 32-сола аз Малайзия мебошад, ӯро дар канори майдон ҳамватани 32-солааш Моҳд Шахрин Бин Чи Омар ва Хсу Мин Ю аз Тайбеи Чинӣ кумак мекунанд. Довари эҳтиётии ин бозӣ Муд Бониядифарди 30-сола аз Эрон ва комиссари бозӣ Принс Руфус аз Ҳиндустон таъйин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2015 байни барандаи Ҷоми Лубнон-2014 «Салам Ҷхарта» ва витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат имрӯз, 17-уми феврал дар Бейрут шурӯъ мешаванд.
Дар сурати ғалаба бар дастаи «Салам Ҷҳарта»-и Лубнон «Хайр» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2015 роҳхат мегирад ва дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Веҳдат»-и Урдун, «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Ал-Наҳда»-и Оман рақобат мекунад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






