Мулоқоти ҳайати муштараки Фонди байналмилалии асъор ва намояндагони «Амонатбонк»
Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов бо намояндагони ҳайати муштараки Фонди байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии Мартин Мелетски вохӯрд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи иқтисодии кишвар, таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, натиҷаҳои фаъолияти бонк дар соли сипаришуда ва нақшаҳо дар соли ҷорӣ, рақобати солим дар бозори байнибонкии кишвар, дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, муқовимат дар ҳолати буҳрони молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳайати мазкур дар доираи сафари кории худ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар институтҳои молиявии кишвар вохӯриҳо анҷом додааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






