Мусодираи беш аз 2 кг маводи мухаддир

Февраль 2, 2015 11:31

Душанбе,  02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони  милиса  дар  ҷараёни  амалиёти  махсус дар ҳудуди   шаҳри  Қӯрғонтеппа сокини 28 —  солаи шаҳри  Кӯлоб  Аминҷон  Подабоновро  бо  гумонбари  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир дастгир  намуданд.
Назар  ба   хабари  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ,  дар  ҷараёни тафтиш  аз  мошини  Opel Astra — номбурда  220  грамм  ҳашиш ва 980  грамм  бангдона  пайдо  ва мусодира  гардид. 
Дар  ҷараёни  амалиёти  дигари  махсус  сокини  36 — солаи  ноҳияи  Ҷиликӯл  Рустам  Юлдошев  дастгир  шуда, аз  мавсуф  1  килограмму  6  грамм  ҳашиш   мусодира  гардид. 
Вазни  умумии  маводи мусодирашудаи  мухаддир 2  килограмму 206  граммро ташкид  медиҳад.
Аз  рӯи  ҳодисаҳои  зикршуда  парвандаҳои  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома  дорад. 

Февраль 2, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад