Паём- ифодагари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ

Февраль 9, 2015 09:30

Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, аз ҳисоби зиёиён ва ҷомеаи меҳнатии шаҳри Хуҷанд гурӯҳи тарғиботӣ ташкил шудааст, ки бо сокинони маркази вилоят силсилаи мулоқотҳои судмандро анҷом медиҳад. 
Ҳафтаи сипаригардида гурӯҳ дар кумитаи маҳаллаҳо ва корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ифодагари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбатҳо доир намуда, корҳои тарғиботии худро идома дод. 
Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз қабили таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соҳаҳо,   самти пешгирии амалҳои террористию ифротгароӣ, нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани ахлоқ ва саводи ҷавонон, нақши волидайн дар тарбияи фарзанд, таҷдиди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои нави кӯдакистонҳо оид ба ҷомеаи солим, оилаи солим, насли солим ва дар маҷмӯъ эълон гардидани «Соли 2015-соли  оила» мавриди муколамаи иштирокдорон қарор гирифт.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, соҳибкорон, маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Силсилаи мулоқоти зиёиён бо сокинони шаҳри Хуҷанд идома дорад.
 
 

Февраль 9, 2015 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад