Фазои солими интихоботӣ дар Бадахшон
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар 271 участкаи интихоботии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мардум субҳи барвақт бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ва ҳамдилӣ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба хотири фардои ҷомеа ва пешрафту шукуфоии мамлакат мавқеи худро муайян намуданд.
Ширкати фаъоли мардум дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нишонаи рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дониста мешавад.
Раъйдиҳандагон мегӯянд, ки овози онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳалкунанда аст, зеро таъмини зиндагии шоиста ба амалӣ кардани тарҳҳои муҳим, аз ҷумла дар бахшҳои қонунгузории кишвар ва рушди соҳаҳои иқтисоду маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ аз талошу кӯшишҳои вакилони мардумӣ вобаста аст. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар тамоми ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ 13 участкаи интихоботӣ фаъолият дорад, ки теъдоди раъйдиҳандагони он 17 ҳазору 50 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 56 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал ширкат мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






