Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Cохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар соли 2016 ба анҷом хоҳад расид.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, ба истифода додани иншооти мазкур моҳи сентябри соли оянда ба муносибати 25-солагии истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Арзиши лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки 46 километр дарозӣ дорад, 125 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, сохтмони он соли 2009 оғоз шуд.
Дар Вазорати нақлиёт ҳамчунин иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ сохтмони шохаи тоҷикистонии лоиҳаи роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон оғоз меёбад. Феълан арзёбии фаннии лоиҳаи мазкур, ки ба рушди минтақаҳои ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард, ҷараён дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






