Таҷлили Наврӯз-2015 дар «Чароғи ҳидоят»
Душанбе, 24.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуд.
Раиси кумита Махфират Хидирзода ҷамъомадагонр бо ҷашни миллии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, дар бораи пайдоиш ва арзишҳои миллии Наврӯзи Аҷам сухан гуфт.
Дар чорабинӣ ҳунарҳои дастии духтарони маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», аз қабили нонпазӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, шерозбофӣ, намудҳои гуногуни пухтупаз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон духтарон бо барномаи фарҳангӣ, аз қабили рақс, суруду тарона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, қироати шеърҳои наврӯзӣ баромадҳои хотирмон намуданд.
Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Лола Азизова, Муҳаррама Шарипова бо шеърҳои баландмазмун табъи ҳозиринро боз ҳам шодтар намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






