Тоҷи тиллоӣ — мукофоти амал

Март 30, 2015 10:43

 
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҷои таҳсин аст, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идора, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат», ки аз ҷониби Ширкати байналхалқии «Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз» (Business Initiative Directions) созмон ёфтааст, сазовор гардид. 
Вобаста ба ин 28 март дар донишкада муаррифии ҷоиза доир гардид. Ректори донишкада Ашурбой Солиев устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо дарёфти ин ҷоизаи воло шодбод гуфта, иброз дошт, ки ин мукофоти амалу фаъолияти яксолаи аҳли коллективи донишкада дар самти таълиму тарбия, равобити байналмилалӣ, инъикос ва иттилоот расонии фаъолияти он дар ВАО мебошад. Албатта, ин заҳмати аҳли кормандони донишкада буда, моро водор месозад, ки боз ҳам беҳтару бештар кор кунем, то ки натиҷаи корамон ба талаботи байналмилалии таълимот мутобиқат намояд, гуфт ректор.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аъзои Иттифоқи академии Оксфорд гардид ва дар бораи донишкада дар маҷаллаҳои хориҷии «University of the Future» ва «Quality Crown» маълумоти муфассал чоп гардид, ки ҳамаи ин нуфузи донишкадаро дар сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ баланд мегардонад.
 
 

Март 30, 2015 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад