Қуръакашии тақвими сабқати лигаи якуми Тоҷикистон
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар дирӯз, 22-юми апрел қуръакашии тақвими сабқати лигаи якуми Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мавсими имсола дар лигаи якуми мамлакат 13 даста иштирок мекунад. Мусобиқа дар ду қисм баргузор мешавад. Дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон: «Саройкамар» (Панҷ), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Эсхата» (Хуҷанд), МТО (Хуҷанд), «Канд» (Конибодом), «Зарафшон» (Панҷакент), «Локомотив» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Чашма» (Шаҳритус) ва «Умед» (Душанбе) мебошанд, ки аз ҳисоби бозингарони тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон созмон дода шудаст.
Гуфта мешавад даври якуми мусобиқа рӯзи 1-уми майи соли равон баргузор мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






