Форуми иқтисодии Тоҷикистон дар Ҳамбург
Душанбе, 01.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 24 марти соли 2015 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург Куруши Пуркиён “Форуми иқтисодии Тоҷикистон дар Ҳамбург” бо ҳузури Котиби давлатии (муовини вазир) Вазорати федеролии иқтисод ва энергетикаи Олмон Бригитте Суприс, Намояндаи ваколатдори Ҳамкориҳои сиёсати хориҷӣ Фолкер Шлегел ва зиёда аз 300 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои бузургтарини музофотҳои федералии шимоли Олмон барпо карда шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии кишвар, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия муаррифӣ шуданд ва лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии миллии Тоҷикистон ба соҳибкорон барои омӯзиш пешниҳод гардиданд.
Дар чорабинӣ иштирокчиён изҳор намуданд, ки Ҳамбург омода аст бо Тоҷикистон ҳамкориҳои васеъро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, фарҳанг, саёҳат ва омода кардани мутахассисони тоҷик роҳандозӣ намоянд.
Қарор шуд, ки доираҳои соҳибкории Ҳамбург ва дигар музофотҳои федералии шимоли Олмон бо мақсади шиносоии бештар ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






