Собиқ сармеъмори Данғара дастгир шуд

Май 5, 2015 10:58

Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).-  Кормандони Агентии  назорати   давлатии  молиявӣ ва   мубориза бо  коррупсияи  ҶТ  собиқ  сармеъмори  ноҳияи  Данғараро  бо  гумонбари  ришвагирӣ дастгир  намуданд.
Мувофиқи  маълумоти агентии  мазкур, шахси  гумонбаршуда  ҳангоми  гирифтани  ришва  дар  ҳаҷми 2050 доллари ИМА  аз  сокини  маҳаллӣ  ба  ивази  ҷудо  кардани  қитъаи  замин  барои  бунёди  хона  ба даст  афтод.
Назар  ба  иттилои  манбаъ,  «дар  ҷараёни  тафтиши  пешакӣ маълум  шуд, ки  номбурда аз ин  пеш  барои  чунин «хидматаш» аз чор  нафар  сокинони  Данғара 18 ҳазору  750  доллари  ИМА — ро  аз худ  карда будааст».

Май 5, 2015 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад