Созишнома бо парки техникии Эрон

Май 6, 2015 11:38

 
Душанбе, 6.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҳафтаи сипаригашта вохӯрии ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Ашурбой Солиев бо намояндаи Парки илмӣ-фановарии Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибуллои Музаффар доир гардид. 
Тавре ки аз донишкада иттилоъ доданд,  ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр гардид, ки Парки илмӣ-фановарии музофоти Хуросони Эрон беш аз 30 сол аст, ки дар бозори фановарӣ фаъолияти босамар дорад ва ният доранд бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамкории зич дошта бошанд. Ректори донишкада низ ҳамкориро бо Парки илмӣ-фанноварӣ дар мавриди таҳияи бизнес-нақшаҳо, машваратҳо, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва рушди истеҳсолот муҳим ва муфид арзёбӣ намуд.
 А. Солиев ва Ҳ. Музаффар дар маросими ба имзорасонии созишнома иброз намуданд, ки минбаъд ҳамкории густурда ба роҳ монда хоҳад шуд.
 
 

Май 6, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад