Созишнома бо парки техникии Эрон
Душанбе, 6.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҳафтаи сипаригашта вохӯрии ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев бо намояндаи Парки илмӣ-фановарии Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳабибуллои Музаффар доир гардид.
Тавре ки аз донишкада иттилоъ доданд, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр гардид, ки Парки илмӣ-фановарии музофоти Хуросони Эрон беш аз 30 сол аст, ки дар бозори фановарӣ фаъолияти босамар дорад ва ният доранд бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамкории зич дошта бошанд. Ректори донишкада низ ҳамкориро бо Парки илмӣ-фанноварӣ дар мавриди таҳияи бизнес-нақшаҳо, машваратҳо, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва рушди истеҳсолот муҳим ва муфид арзёбӣ намуд.
А. Солиев ва Ҳ. Музаффар дар маросими ба имзорасонии созишнома иброз намуданд, ки минбаъд ҳамкории густурда ба роҳ монда хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






