1655 сокини Суғд ҳаҷ меравад

Июль 31, 2015 06:35

Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Имсол 1655  сокини  шимоли  Тоҷикистон хонаи  Худоро  зиёрат  мекунад.
Тавре  ки аз  шуъбаи оид ба  корҳои  дин,  танзими  анъана  ва ҷашну  маросими  миллии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Суғд хабар  доданд, аз шумораи  умумии зоирон 912  нафарашон  мард ва  743  нафарашон  зан  мебошанд. 
Чор  сокини  вилоят  аз  қабили  собиқадорони  меҳнат ва  пешқадамони  хоҷагии  халқ аз  рӯи  квотаи Президенти  кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  Маккаи  муқаддасро  зиёрат  мекунад.
То имрӯз  ҳамаи  ҳуҷҷатҳои  зоирон  ба Кумитаи оид ба  корҳои  дини  ҷумҳурӣ  ирсол  шуда,  дар  он  маросими  гирифтани  раводидҳо анҷом  меёбад.
Имсол арзиши ҳаҷ 22  ҳазору 907  сомонӣ  ё 3  ҳазору  584  доллари  ИМА — ро ташкил  медиҳад.

Июль 31, 2015 06:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!