Филиали №06 «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби озмун гардид
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»» озмуни «Интихоби марказҳои хизматрасонии бонкии намунавии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро, ки моҳи феврали соли равон то ҷамъбасти нимсолаи якум миёни мизоҷон эълон шуда буд, ҷамъбаст кард. Мақсади озмун беҳтар намудани шароити кору хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон буд.
Барои интихоби беҳтарин Маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) комиссияи муштарак ташкил шуд, ки он хизматрасонии саривақтӣ, саҳмгузорӣ дар рушди бонк, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои одоби муносибату муошират бо мизоҷон, иҷрои саривақтии нақшаҳои истеҳсолро дар ин марказҳо ба инобат гирифт.
Дар озмун ҷойи намунавиро Маркази хизматрасонии бонкии рақами 024 -и филиали №06 «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ишғол намуд.
Ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи II-ро Маркази хизматрасонии бонкии рақами 621 -и филиали №73 «Амонатбонк» дар ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сазовор гардид.
Маркази хизматрасонии бонкии рақами 132 -и филиали №15-и «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи сеюм ва Дипломи дараҷаи III шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






