И. Ҷобиров: Даромади «Тоҷикаэронавигатсия» 13,8% афзуд
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар шашмоҳаи аввали соли равон даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8% зиёдтар гашта, хароҷот 18,9 % зиёд шудааст»,- гуфт директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Иброҳим Ҷобиров имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 беш аз 8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 дар маҷмўъ 52,8% зиёдтар аст. Ба гуфти И. Ҷобиров пардохти қарзи кредитории КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи реҷаи тасдиқшуда идома ёфта, дар вақти ҳисоботӣ дар маҷмўъ 1 млн. 526 ҳазору 568 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






