ММТ: Довталабон ҳуқуқи додани аризаи апеллятсиониро доранд

Июль 24, 2015 10:03

Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеии донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст. 
Бино ба иттилои ММТ, қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум  27‑уми июли соли равон дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба роҳ монда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, балки дар ҷараёни он танҳо дурустии натиҷаҳои имтиҳонсупории довталабе, ки аризаи апеллятсионӣ додааст, санҷида мешавад.
Агар натиҷаи имтиҳонҳои довталаб дурусту ҳақиқӣ бошад, комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқи ба довталаби аз ин ё он субтест(фан) холи гузаришро соҳибнашуда додани холро надорад.
Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро дар давоми то 7 рӯз баррасӣ намуда, довталабони аризадодаро аз натиҷаҳои баррасӣ огоҳ менамояд. 
Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон комиссияи  апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд.
Аризаҳои апеллятсионии танҳо барои шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳодшуда баррасӣ карда намешаванд, зеро нусхаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон карда мешаванд.

 

 

Июль 24, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад