Муроҷиатномаи модарони Хатлонзамин ба кулли модарон, хоҳарон ва бонувони Тоҷикистон
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Модарони Хатлонзамин ба кулли модарон, хоҳарон ва бонувони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бо як ҷаҳон эътиқоду эътимод ба кулли модарону бонувон бо арзи эҳтирому садоқат ба ҳар яки Шумо саодату пирӯзӣ таманно намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба садои дили саршори меҳру муҳаббати мо лаҳзае гӯш диҳем, ки ин оҳанги қалби модарон, бонувон навсафарони ҷодаи бахту умеди сулҳхоҳони ҷаҳон аст. Ҷаҳони муосир ва тамаддуни олам имрӯз бо таҳавуллоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва таназули фикрӣ побанд гашта, қудратхоҳон бо тавоноию неруи худ мехоҳанд олами афсонавиро зери панҷаи макру фасод ва зулму фишори нажодпарастӣ қарор диҳанд.
Модар беҳтарин муъҷизаи Худованд аст ва Худованд офаринишро баъди худ ба модар иҷозат дод. Имрӯз модарон сипосгузору шукргузор буда, ин амонати илоҳиро бояд ҳимоя намоянд. Мо, модарони Хатлонзамини бостонӣ аз авроқи талхи таърих бардоштҳои зиёд дорем. Имрӯз мо дар тарозуи ақлу хирад бояд ҳар як амали зишту неки худро баркашем.
Зан, модар, хоҳар ҷаҳонро бо меҳр, бо ишқ, бо нафосату покӣ, бо навозишҳои гарму нарм пурҳарорат намуда, зиндагиро бояд рангин ва зебо намояд. Эътиқод ба зиндагӣ ва дурахши ҳаёт ҳамеша дар набарди меҳр бар қувваҳои бадхоҳон ва бадкирдорон пирӯз гаштаву пирӯз мегардад.
Ҷаҳони муосир, бахусус Шарқи исломӣ дар айни замон бо ваҳшонияту даҳшати ҷанг, ҷанге, ки аз ҷисм ҷонро мебарад, молу мулкро ба коми оташ афканда, инсонҳоро паҳну парешон ва дур аз Ватан дар ҷодаҳои фақру ғам, ранҷу дард саргардону бенаво месозад, рӯ ба рӯ омадааст. Саркардаҳои ин фоҷиа ба ивази пулу мол инсонҳо, ҷавононеро, ки ҳоло аз таззодҳои зиндагӣ огаҳ нестанд, ба сӯи худ мекашанд. Бо роҳи макру фиреб тавассути расонаҳои хабарӣ, бахусус интернет ба онҳо кӯҳи тиллоӣ ваъда медиҳанд. Ба ин даҳшат бонувони зудбовареро, ки аз оқибати даҳшатбори ин фоҷиа огаҳ нестанд, гирифтор карда, ба доми фиреби худ мекашанд.
Аз ин рӯ аз кулли бонувон, модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки равандҳои сиёсии ҷаҳони муосирро бо диди ақлу хирад ва таҳаммулпазирӣ таҳлил намуда, фарзандону пайвандон ва ҷигаргӯшаҳои худро нагузоранд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, созмонҳои террористие, ки сулҳу ваҳдат ва оини моро халалдор месозанд, ҳамроҳ шаванд. Зан бояд рисолати азалии худро иҷро намояд.
Имрӯз бо шукрона аз Худованд ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар, пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон фазои кишвари мо осуда буда, ваҳдати кулл раҳнамои миллату ватани мост. Таърих ба мо сабақ дод ва имрӯз мо ба қадри беҳтарин неъматҳои илоҳӣ- Ватан, Сулҳ, Ваҳдат ва осоиштагии меҳан ба хубӣ мерасем.
Мо бояд нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат, ки бо ҳазорон умеду ормон ва бар ивази ҷонбозиҳо ва ашки модарон ба даст омадааст, аз тири нохалаф, аз тири нигоҳи бадхоҳон, кину адовати нокасон осеб бубинад.
Мо, модарони Хатлонзамин аз оқибати ҷанг, гуруснагӣ, фақирӣ, аз даст додани фарзандон хуб огаҳ ҳастем.
Шумо, хоҳарону модарон, бародарону фарзандонро даъват мекунем, ки ба қадри ин сулҳу оромии Ватан, Ваҳдату ягонагӣ бирасем, нагузорем, ки сулҳу ваҳдати бо хуни дил ва заҳматҳо ба даст омада халалдор гардад.
Аз Яздони пок хоҳони он ҳастем, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо ва фарзандони онро дар паноҳи каромати худ нигаҳбон бошад».








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






