Нобуд гардидани ашаддитарин террористи Ал-Қоида дар Тунис

Июль 13, 2015 04:07

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Мақомоти  давлатии Тунис аз кушта шудани яке аз саркардагони як гурӯҳи террористии вобаста ба Ал-Қоида дар амалиёти охирини неруҳои амниятии ин кишвар хабар доданд. Муъиз — ас- Синовӣ, сухангӯи раёсати Чумҳурии Тунис эълом кард, ки озмоиши Ди Эн Эй исбот сохтааст, ки Мурод Гурусли дар амалиёти рӯзи ҷумъа кушта шудааст. Неруҳои амниятии Тунис дар амалиёти охири худ панҷ террористро аз байн бурданд, ки дар миёни онҳо ин саркардаи террористон низ ҳузур дошт. Гуфта мешавад, ки Мурод Гурусли 32 сол дошта, яке аз роҳбарони гурӯҳи Уқба бин Нофеъ, шадидтарин гурӯҳи террористӣ дар Тунис буд.

 

Июль 13, 2015 04:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!