Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муфатиши калони Прокуратураи шаҳри Норак
Душанбе 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки муфатиши калони прокуратураи шаҳри Норак ҳамчун шахси мансабдор аз нафаре шахсан пора талаб карда гирифтааст.
Санаи 18 июни соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- тафтишотӣ номбурда, муфатиши калони прокуратураи шаҳри Норак, баъди гирифтани маблағи пулии 1000 доллари ИМА, аз шаҳрванд “О” аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуд. Ҳамин тариқ, муфаттиши калони пркуратураи шаҳри Норак бо ин кирдорҳои худ ҷинояти дар моддаи 319 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Дар ин бора аз Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






