Роҳи Хоруғ-Душанбе кушода шуд
Хоруғ, 23.07. 2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Роҳи Душанбе-Хоруғ, ки ду рӯз пеш бар асари ҷорӣ шудани сел дар мавзеи Бунигаи ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ масдуд гардид, бо кумаки роҳсозони муассисаи нигаҳдории роҳҳои ВМКБ дубора фаъол гашт.
Ба гуфтаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Миралӣ Ҳалимов дар давоми ду рӯзи баста шудани роҳ бештар аз 100 мошини мусофирбару боркаш, ки барои осебдидагони офати табиӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар ду тарафи роҳ банд монда буданд. Дар миёни мусофирон кӯдакону занони зиёд низ буданд ва бинобар ин ҳам роҳсозон ва ҳам аҳли ҷамоати деҳоти Водхуд кӯшиш мекарданд, то ҳарчи зудтар роҳро боз кунанд. Ин масъули ситоди вазъи изтирорӣ гуфт, ки дарозии пул 30 метр ва паҳноияш ба 5 метр баробар аст. Мутаассифона, селоба талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. Як ронандаи мошини тамғаи «трайлер» ҳангоми убур аз селоба ба ҳалокат расид. Ронандаи мазкур сокини деҳаи зери селмондаи ноҳияи Шуғнон буд ва ин сел хонаашро низ аз байн бурда буд. Бинобар ин талош мекард, то худро зудтар ба хона, ба назди фарзандони бесарпаноҳаш расонад.
Дар назди пули мазкур навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, зеро бо баланд шудани ҳарорати ҳаво хуруҷи дуввумбораи селоба аз эҳтимол дур нест.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






