Ҷ.Румӣ: таъмини 50 оилаи муҳоҷири дохилии ноҳия бо қитъаи замин
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- То ба имрўз 50 оилаи муҳоҷири дохилии ҳудуди ноҳияи Ҷ.Румӣ дар мавзеи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)-и ба номи «Халифа Қосим» -и ҷамоати деҳотӣ Фрунзе бо масоҳати 0,10 га. қитъаи замини назди ҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзи имтиёзнок ба 47 оила таъмин шуданд. Қисме аз онҳо хонаҳояшонро пурра сохта, зиндагӣ доранд. Дар ин бора мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ М. Муродов дар ҷараёни ҷамъомад вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ хабар дод.
Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ. Румӣ Акрамзода Рустам, сардори шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Собиров ва зиёда аз 50 муҳоҷири меҳнатӣ иштирок дошт.
Зикр шуд, ки дар давоми 1 соли фаъолияти кории Хадамоти муҳоҷират ҷамъомаду чорабиниҳо ва вохўриҳои зиёде бо иштироки мутахассисон ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






