Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб

Июль 30, 2015 05:32

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии саривақтӣ аз хавфи   ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии  оқибатҳои офатҳои таббӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҳолати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздисоҳилии дарёи Вахш ва Панҷ шинос шуд.
Дар ноҳияи Бохтар дар  соҳили дарёи Вахш  Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъа  шинос шуданд. Дар ин мавзеъ, ки наздик ба он иншооти гуногуни маорифу тандурурстӣ амал мекунанд, масофаи зиёда аз 400 метр зери хатари ҷиддӣ қарор дошта хавфи сар задани ҳар гуна офати таббиӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади  пешгирии  сар  задани  ҳама гуна  ҳолатҳои фавқулодда дар ин мавзеъ сохтору идораҳои масъул сафарбар гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  бо  маром  идома  доранд. Барои анҷоми  корҳои  наздисоҳилӣ  ташкилоту идораҳои масъул  ба  миқдори зарурӣ ба масолеҳи сохтмонӣ ва техникаи корӣ дастрасӣ доранд. Дар ноҳияҳои Ҷиликул ва Панҷ ҳам бо сабаби баланд шудани сатҳи оби  дарёҳо масоҳати мавзеъҳои обшуста зиёд шуда,   асосан дар минтақаҳои наздики  аҳолинишин  соҳил  хароб   гардидааст. Дар ин ноҳияҳо ҳам барои пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд ва дар навбати аввал канори хатардоштаи  дарёҳо   соҳилбандӣ  гардида,  барои  ба маҷрои доимии худ равон намудани оби дарё  дар мавзеъҳои хавфнок корҳои садбандӣ гузаронида   мешаванд.Сарвазири мамлакат барои анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Ҷилликул ва Панҷ, истифодаи мақсадноки техникаи корӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, захираи зарурии бетонсангҳои соҳилбанд, ба танзим даровардани фаъолияти  коргоҳҳои  наздисоҳилии  коркарди сангу шағал  ва таҳияи лоиҳаи инвеститсионии мавзеъҳои соҳилхаробгардида роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд. 
Дар соҳили дарёи Панҷ дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар масофаи 25 км  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  мунтазам анҷом  дода  мешаванд.  Аз  ибтидои  моҳи  июн  то  имрӯз дар мавзеъҳои нисбатан хавфнок зиёда аз 1500 бетонсанг гузошта шуда, дар 67 мавзеъ саддҳои оббанд бунёд шудааст. Дар  омодасозӣ ва захира намудани  бетонсангҳо  аз  ҷониби  мақомоти  иҷроияи маҳалии ҳокимяти давлатии ноҳия ба коргарони Агентӣ  ҳамеша  кӯмак расонида мешавад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар ин мавзеъ барои пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ миқдори зарурии семент, оҳану  симҳои  пурқувват ва сӯзишворӣ ҷудо гардида, ба  пуррагӣ техникаю таҷҳизот ва мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ сафарбар гардидааст. Масъулини  соҳа, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардидаанд, ки   рафти корҳои  асосии соҳилмустаҳкамкуниро  зери назорати қатъӣ гирифта,   барои    назорати  сатҳи  об  ва  маҷрои  дарё дар ин мавзеъҳо навбатдории  шабонарӯзӣ  ташкил намоянд.
Дар ҷараёни сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа бо кори кишоварзон дар парвариши ҳосил ва ҷамъоварии он шинос шуд.
Тавре таъкид гардид, ҳосили имсолаи кишоварзони вилоят афзун буда, барои  коркарди дубораи замин, ба даст овардани ҳосили дуюму сеюм, ташкили коргоҳҳои хурду бузурги коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти меваю сабзавоти хушсифату арзон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Июль 30, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Африқои Ҷанубӣ бо бузургтарин қатъи неруи барқ дучор шудааст
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Норак фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад