6 ҳазор қоидавайронкунӣ дар ду рӯз ошкор шудааст
Душанбе 24.08.2015, (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои истироҳатии гузашта кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди мамлакат барои пешгирӣ кардани садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ маҷмӯи чорабиниҳоро амалӣ карданд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар давоми ду рӯз дар қаламрави кишвар 6 ҳазору 903 ҳолати вайронкунии қоидаи ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, 44 ҳодисаи рондани мошин дар ҳолати мастӣ, 263 ҳодисаи рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 51 ҳодисаи итоат накардан ба кормандони милитсия, 25 ҳодисаи рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 192 ҳодисаи аз меъёр зиёд истифода шудани мошинҳо дар қатораи туй, ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ки аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рӯзи 22-юми август 3 ҳазору 563 қонунвайронкунӣ ва рӯзи 23-юми август 3 ҳазору 340 қонунвайронкунӣ аз тарафи ронандагони васоити нақлиёт содир шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






