Безараргардонии гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб

Август 5, 2015 03:17

Душанбе, 05.08.2014 (АМИТ «Ховар»). — Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар қисмати ноҳияи Ҳамадонӣ аз лиҳози релефи ҷуғрофии минтақаи мазкур басо мураккаб буда, асосан аз қамишзорҳои тулонӣ иборат аст. Аз ин ҳолат қочоқчиён истифода бурда, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддирро содир менамоянд. Чунончӣ, чанде пеш ба кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон маълумот дастрас гардид, ки гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб ният дорад сарҳади давлатиро убур карда, ба ҳудуди Тоҷикистон миқдори зиёди маводи маводи мухаддир ворид созанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” итилоъ дода шуд, чанде қабл дар яке аз минтақаҳои осебпазири сарҳад ҳаракати шаш нафар сарҳадшиканони мусаллаҳ ба қайд гирифта шуд. Зимни убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиён, задухурди шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа роҳбари қочоқчиёни афғон Давлат валади Маҳмадмурод ва як нафар ҳамроҳи ӯ захмӣ карда шуд. Ҷинояткорони дигар бо истифода аз торикии шаб ва релефи мавзеъ ҷониби ҶИА фирор намуданд. Дар рафти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 3 борхалтаи полиэтиленӣ бо 47 кг. маводи мухаддир дарёфт гардид. Мувофиқи маълумоти ташхиси экспертӣ аз ин миқдор маводи мухаддир 34 кг. ҳашиш, 3 кг. афюн ва 10 кг. боқимондаро бангдона ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳодисаи сарҳадшиканӣ ва қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад, — гуфта шуд дар КДАМ ҶТ.

 

Август 5, 2015 03:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!