Хабарнигори собиқ TоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») Г. Гриднева бо унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия» сарфароз гардонида шуд
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Президенти Русия Владимир Путин як гурӯҳи рӯзноманигорони Русия, аз ҷумла ТАСС-ро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.
Унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия»-ро, дар якҷоягӣ бо дигар хабарнигорон, хабарнигори ИТАР-ТАСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Гриднева соҳиб гашт .
Галина Гриднева собиқадори рӯзноманигории Русия , яке аз хабарнигорони пешбари корпуси мухбирони махсуси ИТАР ТАСС, аз соли 1992 мебошад.
Соли 1996 бо Фармони Президенти Федератсияи Русия Борис Елтсин Галина Гриднева бо Нишони ҷасорат «Барои далерӣ ва қаҳрамонӣ ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ ва қарзи шаҳрвандӣ» дар солҳои муқобилият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буд.
Г. Гриднева ғолиби якчанд озмунҳои умумирусиягӣ аст. Ӯ бо касбияти баланд, дониши амиқ ва дарки равандҳои дохилию хориҷӣ, дар кишваре, ки иқомат дорад, саривақт дастрас намудани маводҳо фарқ мекунад. Дар 15 соли охир мавзӯи асосии маводҳояш муносибатҳои Тоҷикистону Русия буданд ва мемонанд.
Ёдрас мешавем, ки Галина Гриднева маҳорати худро дар ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») сайқал дода, дар он беш аз 15 сол кор кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






