Мубориза бар зидди малах
Душанбе, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах” дар ҷумҳурӣ майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо 104 ҳазору 827 гектарро дар бар мегирад. То имрўз дар майдони 96019 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 23883 гектар зиёд мебошад.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, тухмгузорӣ ва паҳншавии малах бештар дар ноҳияҳои Ҷиликул, Қумсангир, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Турсунзода, Рўдакӣ ва Шаҳринави ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои Исфара, Б.Fафуров, Мастчоҳ, Зафаробод ва Конибодоми вилояти Суғд мушоҳида шуд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри коркарди кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ 33 трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозоллӣ, 405 дорупошаки дастӣ ва моторӣ мавриди истифода қарор дошта, 811 нафар қувваи корӣ сафарбар шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16 адад, вилояти Суғд 9 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 трактори дорупош мавриди истифода қарор дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






