Намудҳои беҳтарини оши палав
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Намудҳои беҳтарини оши палави тоҷикӣ» («Изысканные рецепты таджикского плова»)- таҳти чунин унвон китоби Фарҳод ва Усмон Каримовҳо бо забони русӣ ва англисӣ ба табъ расид. Китоби мазкур дар Фестивал-озмуни «Оши палав» муаррифӣ гардид.
Дар ин китоб оид ба 27 номгӯи анъанавии оши палави тоҷикӣ ва намудҳои нави он, дастурамал ва тарзи омода намуданашон маълумот пешниҳод гардидааст. Маълум аст, ки оши палав дар байни таомҳои миллии тоҷикӣ ҷои махсусро ишғол менамояд ва дар таърихи хӯрокпазӣ 100 намуди ош мавҷуд аст, ки аз он 50 намудаш ба феҳристи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дохил мешавад.
Фарҳод Каримов худ яке аз пазандагони машҳур, ташкилкунандаи соҳибтаҷрибаи соҳаи хӯроки ҷамъиятӣ ва тарабхонаҳои Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1985 бори аввал маҷмӯаи раҳнамои «Таомҳои миллии тоҷикӣ» барои ташкилоти хӯроки умумӣ таҳия ва нашр гардида буд. Ӯ муаллифи як қатор хӯрокҳои тозаэҷоди фирмавӣ аст. Инчунин Фарҳод Каримов муаллифи китоби дуҷилдаи «Таомҳои миллӣ ва ғановати табиати Тоҷикистон» аст. Ҷилди якуми ин китоб дар намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе барои веросторӣ ва ороиши беҳтарин соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардида буд.








17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






