Тайланд: Дар таркиши Бангкок се хориҷӣ ҳалок гаштанд
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар миёни 27 қурбонии таркиши Бангкоки Тайланд се хориҷӣ низ ҳалок гаштаанд. Шаҳрвандии онҳо ҳанӯз ошкор нашудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Лента.ру, дар байни 80 ҷароҳатбардоштагон сайёҳон низ будаанд, ки аксарияти онҳо — чиниҳои Ҷумҳурии мардумии Чин ва ҷазираи Тайван мебошанд.
17 август дар минтақаи сайёҳии Бангкок дар наздикии мағозаҳои бузург ва ибодатгоҳи маҳаллӣ — Erawan Shrine таркиш рух дод. Полис ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид. Маводи тарканда дар як мототсикл насб карда шуда буд. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро касе ба ӯҳда нагирифтааст.
Ба гуфтаи кормандони амниятии ин кишвар, як дастгоҳи таркандаи дигар низ пайдо карда шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






