Ташкили 45 гурӯҳи таблиғотӣ дар самти ҷилавгирӣ аз фарҳанги ғайр
Душанбе, 25,08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар самти ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳимояи афкори ҷомеа аз андешаҳои носолими иртиҷоӣ шаҳрдории Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотиро дар пойтахт созмон дод.
Хадаф аз такшили гурӯҳҳои мазкур ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти гиромидошт ва таҳкими волоияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ арзёбӣ мегардад. Ба ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ олимону адибон, собиқадорон, донишмандон, ходимони ҷамъиятӣ ва дигар шахсиятҳои мӯътабар шомиланд. Гурӯҳҳои мазкур фаъолияти худро бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт аз 27 август шурӯъ менамоянд. Танҳо дар ноҳияи Сино, ки калонтарин ноҳияи пойтахт аст 15 гурӯҳ фаъолият намуда, дар дигар ноҳияҳои шаҳр 10 гурӯҳӣ корҳои таблиғотиро пеш мебаранд.
Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарон ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотиро ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон дар роҳи пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа ҳидоят намуд. Мавсуф таъкид кард, ки мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок роҳандозӣ намоянд, зеро яке аз сабабҳои гаравиши бархе аз қишрҳои ҷомеа ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ надоштани донишҳои динию дунявӣ, бетарафии ҷомеа ва волидайн аст, ки ҷавонон ба ваъдаҳои мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикӣ мегарданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






