Абубакри Бағдодӣ дигар тавони идораи ДИИШ-ро надорад

Сентябрь 21, 2015 08:47

Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тӯли якчанд моҳи ахир перомуни заъфи Абӯбакри Бағдодӣ ва баромадани тавони идораи ДИИШ аз дасти ӯ дар расонаҳо хабарҳои зиёд ба назар мерасанд. Ин навъ гузоришҳо на танҳо дар кишварҳои мизбони қатлу куштор, балки дар рӯзнома ва расонаҳои ғарбӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доранд. Абӯбакри Бағдодӣ баъд аз захмӣ шудани  сутунмӯҳра аз ҳаракат оҷиз монда аст. Ў ҳоло барои табобат дар як макони номаълум, дар шаҳри Мавсил таҳти назари табибон қарор дорад.
Дар асоси маълумоте, ки  рўзномаи «The Gordian»-и бритонӣ аз манбаъҳои худи ДИИШ ба даст оварда аст, тибқи гузоришҳои се манбаъи муътамад аз наздикони Абубакри Бағдодӣ ў баъд аз мувоҷеҳ шудан ба ин ҷароҳат дубора тавони идораи ин созмони террористиро, ки аз соли гузашта то кунун чанд мавзеи Ироқ ва Сурияро тасарруф карда буд, надорад.
Ин рўзнома менависад, ки Бағдодӣ баъд аз ҳуҷуми ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст. Ва дар ҳоли ҳозир  ДИИШ-ро нафари дигар бо номи Абу Ало Орифӣ таҳти фармони худ нигоҳ медорад. Тибқи гузориши рўзнома, як табиби мутахассис доир ба шуоъдармонӣ ва як ҷарроҳи дигар, ки дар беморхонаи шаҳри Мавсили Ироқ фаъолият доштанд, ба табобати Ал-Бағдодӣ машғуланд. Гуфта мешавад, ки ин ду табиб аз сарсупурдагони ашаддии Бағдодӣ маҳсуб меёбанд. 
Аз ҷароҳати  Абӯбакри Бағдодӣ танҳо нафарони маҳдуде аз фармондеҳони ин созмони террористӣ огоҳанду халос. Бештари онҳо ҷои буду бош ва макони муолиҷаи ӯро аслан намедонанд. Ва то ҳол як теъдоди ангуштшумор ба аёдати ў рафтаанд, -менависад рўзнома.
Ҷойгузини эҳтимолии Абӯбакри Бағдодӣ, баъд аз марги ў шояд  Абӯбакр Абу Ало Орифӣ бошад.
Ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар Ироқ шаҳодат аз он медиҳад , ки ДИИШ дар байни худ ба шадидтарин  буҳрони нофаҳмӣ ва ихтилофот мувоҷеҳ аст ва ҳатто миёни онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва маргбор ба миён меоянд. Сабаби асосии ин буҳронҳо қарорҳои худсарона ва ғайриинсонии худи Абӯбакри  Бағдодӣ мебошанд, ки тибқи он шаҳодатҳо аз ҷониби шумори зиёди пайравонаш мавриди қабул қарор намегиранд Яке аз ҷавонони шаҳри Мавсили Ироқ бо номи Анас Аҳмад  мегўяд, ки ихтилофот миёни ДИИШ ба шакли ниҳоӣ ва ба ҳадде расидааст, ки дигар дар бисёр ҳолат ин ихтилофот  ба бархурди мусаллаҳона ва маргбори  байни гурўҳҳои худи онҳо оварда мерасонад.
Ин ихтилофот чунин маъно дорад, ки Абӯбари Бағдодӣ дигар қудрати нигоҳ доштани ҳамаи пайравони худро надорад ва суханони ў дигар чун дар гузашта  таъсирбахш нестанд. Бояд зикр намуд, ки ў дигар ҳамчун «фармонравои мутлақ ва мардумӣ» аз нигоҳи пайравони худ қобили эътироф нест.
Манбаъ мегўяд: «Хабари моҷарои ихтилофот ва ноамниҳо , аз ҳуҷраи ДИИШ ва аз забони табибонаш хориҷ шуд». То он ҷое таҳқиқот нишон медиҳанд, тундии ин ихтилофот ва такрори он дар шаҳрҳои Мавсил, Анбор, Раққа, Киркук ва дигар шаҳрҳои феълан таҳти тасарруфи ДИИШ қарордошта, дигар қобили пинҳонсозӣ нест. Зеро хабарҳои дақиқ ва мавриди эътимод аз ҳарими фармондеҳони худи ДИИШ ва ҳатто аз оддитарин сарбозони қатории онҳо маншаъ мегирад.  
Роҳбари маъруфи қаблии шаҳри Мавсил дар рўзномаи «Ал-араби ал- ҷадид», изҳор кардааст, ки Бағдодӣ ҳам шаклан ва ҳам ба ваҷоҳат дигар он халифаи «мардумӣ», ки моҳи июни соли гузашта дар Масҷиди Бузург, нишон дода мешуд, нест. Илова бар ин, ДИИШ ду гурўҳ аъзо дорад. Яке он нафароне, ки қабл аз тасарруфи Мавсил ба ҳайати он шомил шуданд ва дигар гурӯҳе, ки баъд омадаанд. Гурўҳе, ки дар ибтидо ҳамроҳи ДИИШ чандин шаҳрҳои Ироқро тасарруф карда буданд, худро болотар аз ононе, ки баъдан ба сафи онҳо пайвастанд, ҳисоб мекунанд. Ин худхоҳии тоифаи аввал боиси тафриқаандозӣ низ мешавад. Сабаби дигар аз Бағдодӣ мутанаффир ва пароканда шудани аъзои ин гурўҳ ва бо номи ислом эъдом кардани дигар тоифаҳоест, ки онҳо низ аз  номи ислом ба ҷиҳод пайвастаанд. Ба гуфтаи яке аз наздиктарин афроди ДИИШ Шайх Ал- Ироқӣ ДИИШ ба ду гурӯҳ тақсим шуда аст. Ў мегўяд сабаби ҷанҷоли ин гурўҳ дар сари тақсими мартаба ва рутбаҳо , қарори ДИИШ доир ба манъи оилаҳо барои берун рафтан аз Мавсил ва зери тири танку тӯп қарор додани онҳо мебошад. Ў ҳамчунин илова кардааст, ки дигар ДИИШ он ДИИШ-и қаблӣ нест ва мардум низ бо чашми сар ҳадафҳои онро дидаву бо ақли хеш нақшаҳои минбаъдаи ўро санҷидаанд. Қарорҳои нобаробар ва мухолиф ба меъёрҳои исломӣ боиси ошкор шудани ҳадафҳои шуми Бағдодӣ дар назди сарбозон ва фармондеҳони он гашта аст.
Холид Табой, коршинос оид ба амалҳои ифротагароӣ дар мусоҳиба ба шабакаи «Ал-Арабия ал-Ҷадид» гуфта аст, ки « Сухан аз  заъфу нотавонии таъсири ДИИШ бар зертобеонаш боварибахш аст ва мо тавассути Твиттер шоҳид гаштем, ки чӣ гуна худи аъзои ин гурўҳ нисбат ба қарорҳои носаранҷоми Бағдодӣ ва наворҳои даҳшатафкани ў вокуниш  медоданд». Яке аз мисолҳои дар боло зикргардида, ин эъдоми яке аз саркардагони ин созмони террористӣ ва узви маҷлиси шӯрои ин гурўҳ бо номи Абуусмон Алҳасан мебошад, ки бо ҷурми ба қавли ДИИШ «инқилоб алайҳи режим»-и онҳо моҳи июли ҳамин сол  маҳкум ба марг шудааст ва он ҳам дар як муҳокимаи бениҳоят кўтоҳ. Ин матлабро рўзномаи Дейли Майли-и Бритониёӣ нашр карда аст. Ва ҳамин худ як далеле равшан барои тақвияти суханони болост. Вале тибқи таҳлили коршиносон ба назари онҳо қатли Абуусмон бидуни мувофиқаи Бағдодӣ, ки ў яке аз дўстони наздикаш мебошад, сурат гирифтааст. Рўзномаи Дейли Майли низ дар ин бора ишора карда аст. Ва шояд ҳам чунин бошад, зеро Бағдодӣ дигар «Бағдодӣ» нест. Эъдоми ин дўсти Бағдодӣ дар як ҷои пинҳон дар ғарби Мавсил анҷом ёфта аст.
 Бағдодӣ ва нафароне, ки ў тарбият кардааст, аз худи ў ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт, вале асли матлаб ин аст, ки Бағдодӣ наметавонад сифатҳои  мусалмони комилро дошта бошад ва ба ў эътимод карда шавад, зеро то кунун дар муддати як солу чанд моҳе, ки ў худро «Халифаи Мусалмонон» хонда аст, ягон нафари хоҳ наздику хоҳ дур, аз аҳдшиканӣ ва хилофи паймони ў нисбат ба ёронаш дар амон намонда аст. Бинобар ин ў одамонро мисли «пўшоки кўдакон» то гандида шуданашон истифода мекунад ва сипас онро ба сабади партоб меандозад. Барои тақвияти ин суханон амали Ҷон Ҷиҳодӣ, террористи қаҳрамони расонаҳо дар нахустин амалҳои ғайриинсонии ДИИШ мебошад, ки аввалан шояд фикр мекард, аз ў дида дар назди Бағдодӣ шахси маҳбубтар касе нест, вале вақт нишон дод, ки ў хато кардааст.
Террористи бритониёӣ Ҷиҳодӣ Ҷон шаш моҳ,  баъд аз он, ки шахсияташ муайян гардид, аз тарси ҷони худ тарки Давлати Исломӣ намуд. Тибқи манбаи рӯзномаи бритонӣ  « Дейли Экспресс »,  Ҷиҳодӣ Ҷон мегӯяд: «ДИИШ-ро барои он тарк намудам, ки шояд рӯзе маро мисли як санг берун андозад, ё шояд бадтар аз он. Эҳсос кардам, ки мисли қабл ба манфиати ДИИШ истифода шуда наметавонам». Ҷон, ки номи аслияш Муҳаммад Имвозӣ аст, ин шуҳрати бадро дар сатҳи ҷаҳонӣ баъд аз он ба даст овард, ки  гурӯҳи террористии ДИИШ порчафилмеро моҳи августи соли 2014 дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар ҳоле, ки ӯ сари хабарнигори амрикоӣ Ҷеймс Фулиро мебурид, ба намоиш гузошт.
Мисоли дигар Иброҳим мебошад, ки ў як узви фаъоли  собиқи ДИИШ буд  ва ҳамвора ДИИШ-ро наҷотбахши ислом мепиндошт, вале вақт нишон дод, ки ин суханон ҷуз хобу хаёл чизи дигаре набуда аст . Ў пас аз бозгашт ба кишвараш- Олмон иброз доштааст, ки ин гурӯҳи террористӣ ҳеҷ рабте ба ислом надорад.
Иброҳим ҳаштуми майи соли 2014 бо дӯсташ ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафт. Ин ҷавон мегӯяд, ки аъзои ДИИШ танҳо як интихоб доранд: «бояд фавран тасмим бигиред, ки мехоҳед ҷангҷӯ бошед ё бомбгузори маргталаб шавед. Хулосаи калом ин ки вақте ба он ҷо биравед, дар ҳар сурат кушта мешавед».
Қарор аст, ки ин ҷавон як муддат бо ҷурми пайвастан ба ДИИШ дар додгоҳ муҳокима шавад. Иброҳим моҳи августи соли 2014 пас аз интиқоли пайкорҷӯёни маҷрӯҳи ДИИШ ба бемористоне дар Туркия, аз он ҷо ба Олмон бозгаштааст. Вай дар идомаи суҳбат мегӯяд: «Агар мебинед духтар ё писаратон дар чунин гирдобе гирифтор шудааст, ё ба оромӣ аз шумо фосила мегирад, ҳатман иллат ва сабаби ин рафторашро пайдо кунед. Барояш вақт сарф кунед ва ба ӯ нишон диҳед , ки шумо хонаводаи воқеияш ҳастед».
Иброҳим бо исрори тамом мегӯяд, ки ДИИШ ҳеҷ рабте бо ислом надорад. Хулосаи ӯ ин аст, ки: «Агар дар Олмон зиндонӣ бошам, беҳтар аз он аст, то дар Сурия озод бошам».
 Бояд гуфт, ки фирори Ҷон Ҷиҳодӣ ва пушаймонии Иброҳим , инчунин заминбўсии ҷавонони тоҷики аз Сурия баргашта ба Ватан худ гувоҳи иртибот надоштани ДИИШ ба ислом ва аз  байн рафтан ва ба нестӣ наздик шудани ин созмони террористӣ мебошад. Ва тамоми нафароне, ки ба узвияти ДИИШ мепайванданд, ҷуз пушаймонӣ чизи дигаре ҳосил нахоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки нафароне, ки аз дасти ДИИШ рӯ ба фирор ниҳодаанд, ададашон қобили шумор нест . Ва ҳар ҷавон қабл аз тасмиме бояд ақли худро кор фармояд. Ҷавонони  фирефтаи ин вабои аср, аввалин орзўяшон баъд аз расидан ба Сурия ё Ироқ ин аст, ки кош як роҳе бошад, ки дубора ба ватан баргарданд, вале корест басо мушкил.
Идома дорад
— ДИИШ, ба ислом чӣ хидмат кард?
— Давлати исломӣ ё даҳшати инсонӣ?
— ДИИШ-ро кӣ идора мекунад?
— Ба ДИИШ,  кӣ машварат медиҳад?

Сентябрь 21, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад