ХӮРОКҲОИ ТОҶИКӢ БА ФАСЛҲОИ СОЛ МУВОФИҚАНД. Истеъмоли кадом таом дар фасли зимистон муфид аст?

Ноябрь 30, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик давоми садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Ҳамин аст, ки меҳмононе, ки ба мамлакати мо ба саёҳат меоянд, хӯрокҳои моро меписанданд ва ба тарзи тайёр карданашон мароқ зоҳир менамоянд. Мардуми тоҷик дар тамоми фаслҳои сол мувофиқ ба иқлим хӯрок омода месозанд, то масунияти баданашон баланд шавад. Масалан, дар фасли зимистон истеъмоли таомҳои серғизо бадани инсонро аз сардиҳо муҳофизат менамояд.

Таомҳои зимистонаи наҳорӣ кадомҳоянд?

Таомҳои аз шир ва маҳсулоти ширӣ омодашударо  бештар дар субҳона  истеъмол менамоянд. Дар байни мардуми тоҷик аз қадим хӯрокҳои ширӣ, ба мисли ширчой, ширбиринҷ, ширрӯған, ширкаду, ширбат, ордоб, атолаи башир ва ғайра маъмуланд.

Ширбиринҷ

Он асосан аз ду маҳсулот омода карда шуда, барои лазизтару хушхӯр шудан ба он  каме намаку равғани маска ё равғани зард  ва шакар ҳамроҳ мекунанд. Бояд иброз намуд, ки  ширбиринҷ дар байни  мардуми тоҷик  ҳамчун таоми миллӣ хеле арзишманд аст.

Ширчой

Ширчой таоми болаззат ва серғизоест, ки  аз шир ва чойи  хушки сиёҳ ё кабуд, намак ва каме об омода карда мешавад. Барои омода намудани он ширро аввал ба дег андохта, дар ҳолати муътадил мепазанд,  баъдан ба он каме шаммаи чой илова намуда, меҷӯшонанд. Мувофиқи табъ   ба он равғани зард ё маска илова карда мешавад.Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон кадбонуҳо ба ширчой пиёз, пудина, шибит, санҷид ва чормағз ҳамроҳ мекунанд.

Ордбирён

Ордбирён аз орд, равған, намак,  об ва шир омода карда мешавад.  Дар зарфи хушк  аввал ордро бо каме  равғани  зағир ё зард то нимсӯз шуданаш бирён  намуда, ба он каме об андохта, меҷӯшонанд. Баъд аз ҷӯшидан ва пурра  омехта шудани  орду об барои хуштаъм шуданаш ба он  шир илова менамоянд.

Ширбат

Ширбат ба мисли ордбирён аз шир, орд, намак ва равған омода шуда, нисбат ба ордбирён ғафстар мешавад. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон онро  атолаи ба шир ё атолаи сафедак меноманд.

Тухмбашир

Яке аз таомҳои тоҷикие, ки миҷозаш гарм аст, тухмбашир мебошад. Он аз шир, тухм набот ё шакар иборат аст. 1 литр шир, 4 дона тухм, 1 пиёла шакар ё мувофиқи табъ набот ва равғани гӯсфанд ё зард омода карда мешавад. Аввал дар шир тухм ва шакарро омехта карда, лат мезананд, то ҷӯш омадан мекобанд ва равған илова мекунанд.

Хӯрокҳое, ки дар нисфирӯзӣ ё шомгоҳон истеъмол мешаванд

Мардуми тоҷик дар нисфирӯзӣ бештар хӯрокҳои миллии гӯштӣ ва  аз хамир омодашуда истеъмол мекунанд. Аз ҷумла, оши палав, қурутоб, дуғравған, манту,  тушбера, оши туппа, самбӯса, ош, тандуркабоб ва ғайра омода месозанд.

Қурутоб

Яке аз таомҳои маъмули мардуми тоҷик, ки дар фасли зимистон бештар омода месозанд, қурутоб мебошад. Зеро мизоҷи маҳсулоти асосии он фатиру пиёзу равған гарм мебошад. Дар вақти омодасозӣ қурутро дар оби ширгарм бо кафи даст каф зада, об мекунанд. Сипас фатирро дар табақ реза карда, боз каф мезананд. Пиёзро хом реза карда, ба болои фатири резашудаи табақ мегузоранд. Равғани зард ё мувофиқи табъ равғани зағирро доғ карда, ба болои таом мерезанд. Кадбонувон мувофиқи завқашон ба он хӯришу кабудӣ низ ҳамроҳ месозанд.

Оши туппа

Оши туппа -хӯроки аз хамир омодашуда буда, хамири дар он истифодашавандаро паҳн ё чоркунҷа мебуранд. Дар оби ҷӯшидаистода, ки дар он алафҳои баҳорӣ андохта шудааст, хамирҳои буридашударо мепартоянд. Ба ин хӯрок нахуду лӯбиё низ ҳамроҳ мекунанд.

Самбӯса

Самбӯса яке аз хӯрокҳои маъмул дар байни аҳолӣ буда, барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, гӯшти қимма, пиёз ва мурчу зира зарур аст. Самбӯса якчанд навъ мешавад: самбӯсаи танӯрӣ, самбусаи варақӣ, кадугӣ ва алафӣ. Дар баҳорон самбусаро асосан аз алаф мепазанд.

Оши палав

Оши палав яке аз хӯрокҳои маъмулу серғизо буда, дар тамоми ҷашну маъракаҳои мардуми тоҷик серистеъмол мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ин хӯрок ба қатори мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Умоч

Умоч як навъ хӯроки  миллӣ буда,  онро асосан шомгоҳон истеъмол мекунанд. Зеро ин таоми хамирии парҳезӣ буда, барои бемориҳои хунукзадагию зуком ва таби баланд фоидаовар аст. Ин хӯрок ҳангоми набудани  иштиҳо ба бемор дода мешавад. Барои  омода намудани умоч ордро бехта, бо каме намакоб дар кафи дастон мемоланд. Хамирпораҳоро ба шакли хурд- баробари донаҳои арзан  гардонида, дар оби ҷӯш андохта, дар зарфи 10 дақиқа меҷӯшонанд. Ҳангоми ҷӯшидан бо кафлези чӯбин  мекобанд.

Дӯғравған

Ин навъи таоми миллиро бештар дар вақти нисфирӯзӣ омода намуда, истеъмол мекунанд. Дуғравғанро аз қурут ё чакка, об, нон, намак ва равғани зард тайёр мекунанд. Аввал дуғ ё чаккаи об карда, каме намак мепошанд, нонро реза карда, кабудиро ба болояш мепошанд. Баъдан равғани зардро гарм карда, ба болои нон мерезанд. Ба хотири барои хунукӣ муфид буданаш ин таомро дар фасли зимистон зиёд истеъмол мекунанд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 30, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд